Ru  | Tj
Ҷумҳурии Чувашистон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тракторӣ медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷумҳурии Чувашистон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тракторӣ медиҳад
Акс: Интернет

Ҷумҳурии Чувашистон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тракторӣ медиҳад

Нашр шуд

Роҳбари Ҷумҳурии Чувашистон Олег Николаев бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дидор намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти сарвари Чувашистон, айни замон аз Чувашистон ба Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ (39,1%), мушакҳои зидди жола (22,7%), дарҳои дохилӣ (13,5%) ва маҳсулоти электрикӣ (10,2%) содирот карда мешавад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷониби Чувашистон қайд намудааст, ки дар корхонаҳои ҷумҳурӣ таҷҳизоти тракторӣ дар доираи васеъ истеҳсол мешавад.

"Мо дар оянда нақша дорем, ки дар Чувашистон лоиҳаи сармоягузориро дар формати SPIK 2.0 амалӣ намоем, то истеҳсоли тракторҳои тавони хурду миёна зиёд карда шавад",- шарҳ додааст Олег Николаев.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба хулоса расидаанд, ки Тоҷикистону Чувашистон дар як қатор соҳаҳо метавонанд ҳамкории судманду мутақобиларо ба роҳ монанд.

Дар вохӯрӣ, инчунин қайд гардидааст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз пешсафони манбаъҳои барқароршавандаи энергия маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҷониби Чувашистон пешниҳод намудааст, ки бо ташкилотҳои кластери электротехникӣ миёни кишварҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода пешниҳод кардааст, ки содироти сабзавот, мева ва меваи хушк ба бозори Чуваш зиёд карда шуда ва дар ин самт як маркази махсуси логистикӣ таъсис дода шавад.

Гуфта мешавад, ки сафир ба соҳибкорони Чувашистон пешниҳод намудааст, ки ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд ва дар соҳаи тиҷорат ҳамкории ба ҳар ду тараф манфиатоварро ба роҳ монанд.

Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, дар моҳҳои январ-августи соли 2021 ҳаҷми муомилоти Чувашистон бо Тоҷикистон 60% афзуда, 1,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод (дар Федератсияи Русия дар моҳҳои январ-июни 2021 43,2%).

Ҳамзамон, содироти маҳсулоти маҷмӯаи агросаноатӣ байни кишварҳо 1,5 баробар афзуда, 811,64 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Тоҷикистону Нидерландия мехоҳанд дар соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ дошта бошанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед