Ru  | Tj
“Умед ба ояндаи Афғонистон ҳанӯз намурдааст”. Парлумони Аврупо Аҳмад Масъудро ба ҷаласаи худ даъват кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Умед ба ояндаи Афғонистон ҳанӯз намурдааст”. Парлумони Аврупо Аҳмад Масъудро ба ҷаласаи худ даъват кард
Акс: ASIA-Plus

“Умед ба ояндаи Афғонистон ҳанӯз намурдааст”. Парлумони Аврупо Аҳмад Масъудро ба ҷаласаи худ даъват кард

Нашр шуд

Порлумони Аврупо Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба иҷлоси Парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо даъват намуд.

Ба навиштаи сомонаи afghanistan.ru, вакилони Парлумони Аврупо бо судури қатъномае Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба ҷаласаи Парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд.

“Биёед пешвои шуҷои муқовимати афғонро, ҳамон гуна, ки 20 соли пеш аз падари маъруфаш истиқбол карда будем, ба Парлмони Аврупо даъват намоем. Умед ба ояндаи беҳтари Афғонистон ҳанӯз намурдааст” – эълом дошт вакили Парлумони Аврупо аз Нидерланд Барт Грутхейс.

Ба навиштаи расонаҳо, дар қатъномаи Парлумони Аврупо аз хушунатҳои Толибон интиқод шудаву ҳамчунин ин нукта низ зикр шудааст, ки Покистон ба Толибон* (*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) дар ҷанг дар Панҷшер алайҳи размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тавассути неруҳои махсус ва ҳавоии хеш кӯмак расонидааст.

Аҳмад Масъуд ягонаписари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Вай пас аз суқути Кобул аз ҷониби Толибон* Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер раҳбарӣ мекунад.

Шаби якшанбеи 5-уми сентябр Толибон* пас аз он ки аз замин Панҷшерро шикаст дода натавонистанд, бо чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақа ҳуҷум оварданд ва дар пайи он пешрав шуданд.

Ҷабҳаи муқовимат ин чархболҳоро ба кишвари Покистон мутааллиқ донист ва ҳатто чанд аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар онҳо дида мешавад панҷшериён як чархболи артиши Покистонро ба замин афтондаанд.

Толибон борҳо иброз доштаанд, ки Панҷшерро суқут додаанд, аммо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин иддаоро такзиб кардаву гуфтааст, ки мубориза барои адолат ҳамоно идома дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед