Ru  | Tj
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов низ моро тарк кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов низ моро тарк кард
Акс: Sputnik

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов низ моро тарк кард

Нашр шуд

Шералӣ Абдулқайсов бо гумони гирифтор шудан ба бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ буд. Имрӯз ӯ аз олам чашм пӯшид.

Соли равон Шералӣ Абдулқайсов 70-солагиашро дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷашн гирифта буд.

Ҳунарманди халқӣ Шералӣ Абдулқайсов 15-уми апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода буд. Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ӯ ба Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко ба факултаи санъат ба шӯъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро хатм намуд. Пасон бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор қабул карда мешавад ва то нафаси охирин дар он ҷо кору фаъолият дошт.

Ба хотири хизматҳои шоиста соҳаи фарҳанг ва санъат марҳум соли 1991 ба унвони ифтихории “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” ифтихорманд гардида, соли 2007 ба унвони олии “Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон” сарфароз гаштааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед