Ru  | Tj
“Уралгидромаш” ба навсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Уралгидромаш” ба навсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард
Акс: аз манбаъҳои боз

“Уралгидромаш” ба навсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард

Нашр шуд

Мутахассисони Русия дар моҳи майи соли 2024 аз пойгоҳҳои обкашӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон дидан карда, ба таҷдиду бозсозии таҷҳизоти он оғоз кардаанд.

Корхонаи саноатии Русия - «Уралгидромаш» барои пойгоҳҳои обкашӣ дар вилояти Суғд таҷҳизоти нав ворид мекунад.  Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд аз натиҷаи мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят бо ҳайати Русия таҳти роҳбарии Алексей Шмиков, муовини аввали раиси вилояти Свердловск хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ширкати “Уралгидромаш” дар мавриди барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар вилояти Суғд ҳамкориҳоро оғоз кардааст. 

"Мутахассисони рус дар моҳи майи соли ҷорӣ аз пойгоҳҳои обкашӣ дар ин минтақа дидан карданд ва барои муҷаҳҳаз кардани ин иншооти обкашӣ бо таҷҳизоти нав машғуланд", - омадааст дар хабар.

Ҳайати намояндагони вилояти Свердловски Русия барои ширкат дар намоишгоҳи X байналмилалии тиҷоратии «Суғд-2024», ки рӯзи 17 июн ба кори худ оғоз кард, ба шаҳри Хуҷанд омаданд.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии "Суғд-2024" барои даҳумин бор баргузор мешавад. 

Ин намоишгоҳ то 19 июн идома карда, даҳҳо ширкатҳои дохиливу хориҷӣ дар бахши саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.

Тибқи иттилои Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон, ба ҷуз аз вилояти Свердловск, барои ширкат дар ин намоишгоҳ намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон аз Нижний Новгород, Маскав, Пенза ва дигар минтақаҳои Русия ба Хуҷанд омадаанд. 

Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҷаласаи  Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳамкории саноатии минтақаҳои Русия ва вилояти Суғди Тоҷикистон, аз ҷумла роҳандозии истеҳсолот дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи металлургия, истихроҷи маъдан, тарҳҳои нақлиётӣ ва зерсохтҳо ва омодасозии кадрҳо баррасӣ мешавад.

Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 30 миллион долларро ташкил дод.

Аз сӯи дигар ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2023 ба ҳудуди 1,8 миллиард доллар расид, ки нишондоди таърихӣ буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед