Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ушаков: Раҳбарони СПАД низоми нави амният дар Авруосиёро баррасӣ хоҳанд кард
Нашр шуд
Ба гуфтаи ёвари раисҷумҳури Русия, дар мулоқот “табодули арзёбиҳо дар мавриди мушкилоти калидии байналмилалӣ ва минтақаӣ, баррасии дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи СПАД, аз ҷумла тавассути вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва шӯроҳои амният сурат хоҳад гирифт».
Иҷлосияи навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 28 ноябр дар Остона баргузор мешавад. Дар ин нишаст раисҷумҳури Русия Владимир Путин, мизбони ҳамоиш, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисони ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, Қирғизистон - Содир Ҷабборов ва Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Ушаков, дар ин дидор роҷеъ ба мушкилоти калидии байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар шуда, баррасии дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанба дар чаҳорчӯби СПАД, аз ҷумла тавассути вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва шӯроҳои амният дар назар аст.
"Интизор меравад, ки масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва байналмилалӣ бо дарназардошти афзоиши таҳдидҳо ба субот дар маҳдудаи масъулияти созмон ва минтақаҳои ҳамсоя, инчунин вазифаҳои ташаккули меъмории нав барои амният дар Авруосиё баррасӣ хоҳанд шуд", - гуфт ёвари раисҷумҳури Русия.
Гуфта мешавад, ки раёсати СПАД дар соли 2025 аз Қазоқистон ба Қирғизистон мегузарад. Бо назардошти ин авлавиятҳои раёсати Бишкек мавзӯи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд, ки дар он санадҳои ин нишасти сарони СПАД низ ба имзо мерасанд.
Интизор аст, ки дар поёни нишасти сарони СПАД дар рӯзи 28 ноябр дар Остона 14 санад, аз ҷумла барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон тасвиб шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед