Ru  | Tj
Ҳушдори КҲФ аз борону сел дар рӯзҳои оянда

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳушдори КҲФ аз борону сел дар рӯзҳои оянда
Акс: Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Ҳушдори КҲФ аз борону сел дар рӯзҳои оянда

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти обуҳавошиносон ҳушдор дод, ки то 26 июни соли ҷорӣ дар манотиқи ин кишвар хатари омадани сел, резиши санг дар роҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзҳои 27-28 уми июн дар саросари Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, дар ин рӯзҳо ҳавои тираи олуда ба чангу хок дар назар дошта шуда, дар як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон меборад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сокинони доманакӯҳҳову ноҳияҳои кӯҳӣ ва сайёҳоне, ки нияти сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Ин ниҳод ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва алафҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин аз аҳолӣ дархост мешавад, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки бар асари офтаҳои табиӣ дар рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон се нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла, рӯзи 23 июн ду сокини 18 ва 20-солаи деҳаи Солимолидашти ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки барои ҷамъоварии хӯроки чорво ба саҳро баромадаанд, дар натиҷаи зарбаи раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, ҳангоми кӯшиши убур аз сел як сокини 22-солаи деҳаи Шашқади ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба ҳалокат расид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед