Ru  | Tj
Ҳушдори КҲФ: Ба боришот ва дамои сард омода бошед!

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳушдори КҲФ: Ба боришот ва дамои сард омода бошед!
Акс: Аз манбаъҳои боз

Ҳушдори КҲФ: Ба боришот ва дамои сард омода бошед!

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз якбора сард шудани дамои ҳаво ва боришот дар рӯзҳои наздик дар ин кишвар ҳушдор дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни муроҷиат ба сокинон ва меҳмонони кишвар гуфт, ки тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои 7-8 декабр паст шудани ҳарорати ҳаво ва боришоти барфу борон дар назар аст.

Ин ниҳод, мегӯяд, ки дар ноҳияҳои куҳии Тоҷикистон боридани барфи зиёд пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои куҳӣ бошад яхбандӣ ва фаромадани туман дар назар аст.

Дар робита ба тағйирёбии шароити обуҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳои куҳӣ ҳаракати худро маҳдуд кунанд, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Таъкид мешавад, ки бо мақсади вокуниши сареъ ба ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Майхураи ноҳияи Варзоб ва километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ, инчунин шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ ниҳоди мазкур посгоҳҳои сайёри шабонарӯзӣ таъсис додааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед