Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз хатари бозӣ болои ях
Нашр шуд
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаҳрвандонро аз хатари маргбори ях болои обанборҳо огоҳ месозанд.
Ба иттилои ин ниҳод, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Баҳри тоҷик» (обанбори Қайроқум)-и ин вилоят омода, сокинонро аз хатари яки болои об ҳушдор доданд.
Кормандони ин ниҳод зимни суҳбат ба мардум тавсия додаанд, ки аз баромадан ба рӯйи ях худдорӣ кунанд, зеро ҷараёни доимии шадиди об дар назди сарбанд ғафсии яхро кам мекунад. Дар баробари ин ба сокинон тарзи дурусти рафтор дар ҳолати шикасти ях ва усули расонидани кумак дар ин ҳолатҳо фаҳмонида шуд.
Наҷотдиҳандагон инчунин ба моҳигирон низ тавсия доданд, ки нисбати чораҳои бехатарӣ беэътиноӣ накунанд ва бояд либоси наҷотбахш ҳуштак ва банд дошта бошанд.
Гуфта мешавад, ки корҳо барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар яхбандӣ дар вилояти Суғд идома доранд.
Бояд гуфт, ки бар асари сардиҳои камсобиқаи ду ҳафтаи охир оби «Баҳри тоҷик» (обанбори Қайроқум) ях карда, мардуми зиёде барои тамошои ин манзара омада, ҳамзамон болои яхи обанбор гаштугузор мекунанд.
Хотирррасон мекунем, ки тайи ҳафтаи охир дар ду ҳодисаи фоҷеабор 3 кӯдаки хурдсол дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ва як навраси 16-сола дар шаҳри Ҳисор бар асари шикастани ях зери об монда, ба ҳалокат расиданд.
Бо назардошти ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ба онҳо зарурати риояи қоидаҳои бехатариро фаҳмонанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед