Ru  | Tj
Ҳушдори ВКХ: аз ҳама намуди сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунед

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳушдори ВКХ: аз ҳама намуди сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунед
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳушдори ВКХ: аз ҳама намуди сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунед

Нашр шуд

Пештар Қирғизистон эълом карда буд, ки то поёни ҳалли баҳсҳои марзӣ ҳама гуна равуои марзӣ бо Тоҷикистонро қатъ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба тасмими ҷониби Қирғизистон дар мавриди комилан қатъ кардани равуои марзӣ, аз шаҳрвандони кишвар, хусусан аз соҳибкорон мехоҳад, ки аз ҳама намуди сафар ба ин кишвар ва ё убури тронзитӣ ба кишварҳои дигар тавассути қаламрави ин кишвар, даст кашанд. 

"Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш мегардад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд",- омадааст дар ҳушдори ин вазорат.

Ёдовар мешавем, ки Девони вазирони Қирғизистон бар асоси қарор аз 21-уми май то поёни ҳалли ҳама гуна баҳсҳои марзӣ равуои марзиро бо Тоҷикистон комилан қатъ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, "қарори Девони  Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон №12-р аз 21-уми майи соли 2021, бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд".

Вазорат ба шаҳрвандон гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек аз рӯи хатти алоқаи доимии рақамҳои +996500442211 ва +996312511637 муроҷиат кунанд.



Хитоби Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғизи Тоҷикистону Қирғизистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед