Ru  | Tj
Ҳушдори ВКХ ба тоҷикистониёне, ки дар Қазоқистон қарор доранд: "Аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоед!"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳушдори ВКХ ба тоҷикистониёне,  ки дар Қазоқистон қарор доранд: "Аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоед!"
Акс: Интернет

Ҳушдори ВКХ ба тоҷикистониёне, ки дар Қазоқистон қарор доранд: "Аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоед!"

Нашр шуд

Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ва Консулгарии генералии кишвари мо дар шаҳри Алма-Ато ба таври муқаррарӣ фаъолият доранд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар саҳифаи расмии худ барои шаҳрвандони мамлакат, ки айни ҳол дар Қазоқистон қарор доранд, муроҷиатнома нашр намудааст.

Ин ниҳод дар муроҷиатномаи худ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд ва аз гашту гузор кардан дар ҷойҳои серодами шаҳрҳои Қазоқистон худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷӣ аз тоҷикистониёни дар Қазоқистон сукунатдошта даъват ба амал овардааст, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи низоми фавқулодаро дар ҳудуди ин кишвар ба таври қатъӣ риоя кунанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳолати бо мушкилот дучор шудани  шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро лозим меояд, ки бо Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон тариқи телефони шабонарӯзӣ: +77172240929 дар тамос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки эътирози оммавӣ дар Қазоқистон бинобар гарон шудани арзиши гази моеъ сар зада, аз 2-юми январ то инҷониб давом дорад.


Сарварони Тоҷикистону Қазоқистон сӯҳбат карданд ва Эмомалӣ Раҳмон бар барқарории субот аз роҳи гуфтугӯ таъкид намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед