Ru  | Tj
Қушунҳои сарҳадии КДАМ: 347 сокини осоиштаи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон паноҳ бурданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қушунҳои сарҳадии КДАМ: 347 сокини осоиштаи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон паноҳ бурданд
Акс: Интернет

Қушунҳои сарҳадии КДАМ: 347 сокини осоиштаи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон паноҳ бурданд

Нашр шуд

Дар байни гурезаҳо 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писару 113 духтар) буда, ҳангоми убури марзи давлатӣ ду тифл фавтидааст.

Рӯзҳои 13-14-уми июл 347 сокинони деҳаи Андемини ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони ҶИА, ки аслашон қирғиз аст, барои наҷот ёфтан аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати Толибон ба воситаи деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба қаламрави Тоҷикистон фирор намуданд. Дар ин бора Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ маълумот медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир гурезаҳо дар қитъаҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҶТ паноҳ бурдаанд.

Вазъият дар ин минтақаҳои наздимарзӣ таҳти назорати марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз шумораи гурезаҳои дар боло зикргардида, зиёда аз ҳазор гурезаҳои Афғонистон аз фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб тариқи чархболҳо ба хонаҳояшон баргардонда шуданд.



Русия сохтани дидбонгоҳ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро оғоз кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед