Ru  | Tj
Устод Файзуллоҳ Ҷалол устоди Донишгоҳи Кобул аз сӯйи Толибон боздошт шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Устод Файзуллоҳ Ҷалол устоди Донишгоҳи Кобул аз сӯйи Толибон боздошт шудааст
Акс: Интернет

Устод Файзуллоҳ Ҷалол устоди Донишгоҳи Кобул аз сӯйи Толибон боздошт шудааст

Нашр шуд

Хабаргузории “Омоҷ”-и Афғонистон аз қавли наздикони Файзуллоҳ Ҷалол хабар додааст, ки чанд соат қабл Толибон* ӯро аз хонааш гирифта, ба ҷойи номаълум бурдаанд. 

Баъзе хабарнигорони мустақили Афғонистон, аз ҷумла Тоҷиддин Суруш низ ин хабарро тасдиқ кардааст.

Доктор Файзуллоҳ Ҷалол, яке аз чеҳраҳои номвари расонаҳои Афғонистон аст, ки тайи моҳҳои ахир аз гурӯҳи Толибон шадидан интиқод мекард. Ӯ дар як сӯҳбати телевизионӣ бо шабакаи хабарии “Тулӯъ” сухангӯи Толибон Наъим Вардакро “гусола” хитоб кард. Вай дар ин сӯҳбат ҳукумати Толибонро интиқод карда, онҳоро омили бадбахтии Афғонистон номида буд.

Ҳоло маълум нест, ки Толибон ӯро куҷо бурдаанд ва чӣ сарнавиште ӯро интизор аст. Доктор Файзуллоҳ Ҷалол, ки рисолаи докторияшро дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст, яке аз чеҳраҳои мунтақиди на фақат ҳукумати Толибон, балки ҳукумати Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ низ мебошад. Вай ҳамеша аз сиёсатҳои ҳукуматҳои қаблии Афғонистон интиқод намуда, онҳоро омили фасод ва бадбахтии мардуми Афғонистон мешуморид. 

Устод Файзуллоҳ Ҷалол ҳамеша ҷонибдори адолати сиёсӣ дар Афғонистон буд. Ӯ дар тӯли ин солҳо бо ҳар навъ истибдод, хушунат ва беадолатӣ мухолифат нишон додааст. 

Ӯ аз Афғонистон аз равандҳои сиёсии демократӣ, риояи ҳуқуқи ақаллиятҳо, ҳуқуқи занон ва ғайра ҳамеша ҷонибдорӣ кардааст. 

*Толибон – ҳаракати террористии маҳкумшуда аз ҷониби СММ


Мардуми Афғонистон барои хориҷ шудан аз кишварашон талаби шиноснома доранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед