Ru  | Tj
Ҷустуҷӯ ва истихроҷи захоири гази “Тӯти майдон”-и Форёб ба ширкати узбекистонӣ вогузор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷустуҷӯ ва истихроҷи захоири гази “Тӯти майдон”-и Форёб ба ширкати узбекистонӣ вогузор шуд
Акс: etilaatroz.com

Ҷустуҷӯ ва истихроҷи захоири гази “Тӯти майдон”-и Форёб ба ширкати узбекистонӣ вогузор шуд

Нашр шуд

Давлати Толибон* бо як ширкати узбекистонӣ барои иктишоф ва истихроҷи захоири газ дар "Тӯти Майдон"-и вилояти Форёб қарордоди даҳсола ба имзо расонд. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар дод.

Ин қарордод 10 октябр дар Кобул дар ҳузури Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири Толибон* дар умури иқтисод имзо шуд.

Дафтари Абдулғанӣ Бародар гуфт, ки бар асоси ин қарордод, ширкати паймонкор дар соли аввал 100 миллион доллар ва дар 10 сол 1 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, ҳамчунин аз гази истихроҷшуда дар ду соли аввал 100 мегаватт нерӯи барқ тавлид хоҳад кард.

Муовини иқтисодии нахуствазири Толибон* гуфтааст, ки масоҳати кони гази "Тӯти майдон" дар вилояти Форёб ҳудуди 7000 километри мураббаъро ташкил медиҳад ва бо оғози истихроҷи он эҳтиёҷоти Афғонистон ба газ қисман бароварда шуда, ҳазорон нафар бо кор таъмин мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки ҳукумати Толибон* истихроҷи кони нафти Қошғарӣ дар Сарипул ва дигар конҳои нафтӣ дар ҳавзаи Ому дар Ҷаузҷон ва Форёбро ба як ширкати чинӣ ба муҳлати 25 сол супурданд.

Захираи нафт дар ин конҳо 87 миллион бушка ҳисоб шудааст.


  *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед