Ru  | Tj
Узбекистон ба Қазоқистон 500 млн метри мукааб оби изофӣ интиқол медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон ба Қазоқистон 500 млн метри мукааб оби изофӣ интиқол медиҳад
Акс: аз манбаъҳои боз

Узбекистон ба Қазоқистон 500 млн метри мукааб оби изофӣ интиқол медиҳад

Нашр шуд

Узбекистoн то поёни мавсими обёрӣ ба Қазоқистон барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти кишоварзони минтақаҳои ҷанубии кишвари ҳамсоя ба таври иловагӣ боз 500 млн метри мукааб об интиқол хоҳад дод.

Дар ин замина раҳбарони мақомоти марбутаи ду кишвар ба тавофуқ расиданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати об ва обёрии Қазоқистон.

Масъулин ёдовар шуданд, ки Нурҷон Нуҷигитов, вазири об ва обёрии Қазоқистон қаблан бо ҳамтои худ, вазири захираҳои оби Узбекистон, Шавкат Ҳамроев дар мавриди таъмини об аз рӯдхонаи Сир ба мувофиқа расида буд.

Дар баробари ин Тошканд ваъда дод, ки дар давоми шаш моҳ 3,7 миллиард метри мукааб об интиқол медиҳад. Аммо Тошканд нақшаи интиқоли обро барзиёд иҷро карда, аз 1 апрел инҷониб ба Қазоқистон зиёда аз 4 миллиард метри мукааб об интиқол додааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон захираи оби обанбори Шардара 1,5 миллиард метри мукааб аст, ки ин назар ба соли гузашта 500 миллион метри мукааб зиёд аст. Захираҳои ин обанбор ба поёноби Сирдарё низ ба андозаи бештар ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, ба канали Қизилқум зиёда аз 850 миллион метри мукааб, ба баҳри Арали шимолӣ бештар аз 580 миллион метри мукааб об интиқол шудааст.

«Ба шарофати гуфтушунид ва тавофуқи пешакӣ бо ҳамсояҳо дар заминаи ҷадвали кори обанбори Токтогул ва обанбори Баҳри тоҷик об ба қисми қазоқистонии канали байнидавлатии «Дӯстик» мунтазам ҷорӣ мешавад. Ҳоло ба воситаи канал ба кишвари мо дар як сония 90 метри мукааб об ҷорӣ мешавад", - гуфт намояндаи Вазорати об ва обёрии Қазоқистон, Молдир Абдуалиева.

 Ба гуфтаи вай, ин ҳаҷм барои пурра таъмин кардани кишоварзони вилояти Туркистони Қазоқистон кифоя аст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ Вазорати об ва обёрии Қазоқистон аз афзоиши ҳаҷми об дар қисмати шимолии баҳри Арал хабар дода буд. Аз аввали сол ба бахри Арали шимолӣ 1,1 миллиард метри мукааб об ворид шудааст. Ҳамин тариқ айни замон ҳаҷми оби Арали шимолӣ 21,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед