Ru  | Tj
Узбекистон боҷи ҳамлу нақли роҳи оҳан ба Афғонистонро 50% поин бурд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон боҷи ҳамлу нақли роҳи оҳан ба Афғонистонро 50% поин бурд
Акс: аз манбаъҳои боз

Узбекистон боҷи ҳамлу нақли роҳи оҳан ба Афғонистонро 50% поин бурд

Нашр шуд

Қимати ҳамлу нақли роҳи оҳан байни Узбекистон ва Афғонистон 50% поин бурда шуданд. Дар ин бора намояндагони ширкати «Роҳи оҳани Узбекистон» дар Термиз хабар додааст.

Бояд гуфт, ки тавассути Тирмизи Узбекистон молу маҳсулот аз Чин, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар кишварҳо ба истгоҳи Ҳайратони вилояти Балхи Афғонистон ворид мешавад.

 Роҳҳои оҳани Узбекистон тавзеҳ доданд, ки тарифҳо ба хотири осон ва густариши равобити тиҷории ду кишвар ва ҳимоят аз тоҷирони афғон поин оварда шудаанд.

 Қабл аз ин барои молҳои аз ҷониби ҳукумати Афғонистон воридшаванда нархномаи махсус муқаррар карда шуда буд. Масалан, барои молҳое, ки тавассути пули роҳи оҳани "Дӯстӣ" ворид мешаванд, барои як вагон 40 тоннагӣ 200 доллар ва барои 20 тоннагӣ 100 доллар хироҷ гирифта мешуд.

Ба ҳамин монанд, гумрук низ вобаста ба хизматрасонӣ маблағи гуногун меситонид, аммо ҳоло ҳама пардохтҳо то 500 доллар то охири сол лағв карда шуданд.
Дар ин бора Ariana News бо истинод ба Фарҳод Ғиёзов, раиси минтақаи роҳи оҳани Термиз хабар дод.

Хотиррасон мекунем, ки дар охири моҳи апрел дар Тирмиз нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ барои рушди долони мултимодалии нақлиётии “Белорус – Русия – Қазоқистон – Узбекистон – Афғонистон – Покистон” баргузор гардид. Дар он роҳбарони вазоратҳои нақлиёти ин кишварҳо ширкат доштанд. Дар ҷаласа масъалаҳои пайвастани давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути Узбекистон баррасӣ шуданд.
 
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо харитаи роҳро имзо карданд, ки дар он татбиқи нақшаҳои мушаххаси рушди ҳамлу нақли бор пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, дар солҳои охир ҳаҷми транзит тавассути Афғонистон беш аз 30% афзуда, ба 1 миллион тонна наздик шудааст.

Пас аз имзои созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ миёни Узбекистон ва Покистон дар соли 2021 ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни кишварҳо афзоиш ёфт.
 
Соли 2022 ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар тавассути Афғонистон дар муқоиса бо соли 2021 дувуним баробар афзоиш ёфта, 675 ҳазор тоннаро ташкил додааст.  Имсол Узбекистон тасмим гирифтааст, ки тавассути ин долон беш аз 1 миллион тонна бор интиқол диҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед