Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Узбекистон бо вуҷуди коҳиши истихроҷи дохилӣ содироти газро ба Чин идома медиҳад
Нашр шуд
Моҳи октябр Узбекистон ба Чин ба маблағи 42,2 милён долар ва аз аввали соли равон 454,4 милён доллар газ содир кардааст. Содироти газ дар пасманзари коҳиши тавлидоти дохилӣ ва афзоиши якбораи воридоти гази табиъӣ ба Узбекистон сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки аз аввали соли равон истихроҷи газ дар Узбекистон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар коҳиш ёфтааст.
Пойгоҳи хабарии Gazeta.uz бо такя ба маълумоти Идораи кулли гумруки Чин навиштааст, ки моҳи октябр Узбакистон ба ин кишвар ба маблағи 42,25 милён долар гази табиъӣ содир кардааст.
Ба иттилоъи ин манбаъ, содироти газ аз Узбекистон аз аввали имсол ба 454,4 милён долар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба камтар (916,17 милён долар) камтар аст.
Аз сӯйи дигар бар асоси маълумоти Ожонси омори Узбекистон, дар 10 моҳи соли равон ин кишвар ба маблағи 458,2 милён долар газ содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (871,3 милён долар) 1,9 маротиба камтар аст.
Ҳамзамон дар ин муддат Узбекистон ба маблағи 561,7 милён долар газ ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробар бештар аст.
Дар баробари ин истихроҷи гази табиъӣ дар дохили Узбекистон аз аввали сол 4,12 милярд метри мукааб коҳиш ёфта, ба 38,96 милярд метри мукааб (-10,4%) расид. Ҳамин тавр, Узбекистон бо вуҷуди захираҳои бузурги газии табиъӣ ба кишвари воридкунандаи ин маводи сӯхт табдил мешавад.
Бояд гуфт, ки аз рӯзи 7-уми октябри соли равон содироти гази табиъӣ Русия ба Узбекистон дар ҳаҷми 9 милён метри мукааб дар шабонарӯз оғоз шуд.
Ёдоварӣ мекунем, нахуствазири Узбекистон соли 2020 гуфта буд, ки ин кишвар ният дорад то соли 2025 содироти газро комилан қатъ кунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед