Ru  | Tj
Узбекистон дар баробари гази табиъӣ ба воридоти бензин низ аз Русия оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон дар баробари гази табиъӣ ба воридоти бензин низ аз Русия оғоз кард
Акс: kun.uz

Узбекистон дар баробари гази табиъӣ ба воридоти бензин низ аз Русия оғоз кард

Нашр шуд

Вазири энержии Узбекистон гуфт, ки мамнуъияти муваққатии содироти бензин аз Русия ба вазъи сӯзишворӣ дар Узбекистон низ таъсир кард. Аммо баъди имзои созишномаи байниҳукуматӣ Узбекистон нахустин бор бензини Русияро дар моҳи ноябр дарёфт карда, дар маҷмуъ воридоти 371 ҳазор тон бензин ба ин кишвар дар назар аст.

Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Узбекистон рӯзи 22-юми ноябр дар палатаи қонунгузори парлумони ин кишвар вазъи таъминоти бензинро шарҳ дод.

Хабаргузории  Gazeta.uz аз қавли Мирзомаҳмудов навиштааст, ки аз моҳи ноябр тибқи созишнома бо Русия интиқоли бензини воридотӣ аз ширкатҳои русӣ ба Узбекистон оғоз шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Русия дар моҳи сентябр содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро муваққатан маҳдуд кард. Маҳдудият ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Русия, Қазоқистон, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон), Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дахл надошт. Маҳдудиятҳои ҷоришуда барои содироти бензину сӯхти дизелиро ҳукумати Русия рӯзи 17-уми ноябр бекор кард.

Тибқи омори расмӣ, дар соли равон дар Узбекистон 1 милёну 160 ҳазор тон бензин истеҳсол шудааст ва то охири сол аз ҳисоби коркарди нафти дохилӣ ва воридотӣ тавлидот ба 1 милёну 329 ҳазор тон расонда мешавад.

Афзун бар ин воридоти 371 ҳазор тон бензин аз Русия ба ин кишвар дар назар аст, ки 80 ҳазор тони он моҳҳои ноябр ва декабри соли ҷорӣ интиқол мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Узбекистон дар моҳи октябр ва оғози моҳи ноябр хабар доданд, ки ба далели мушкили дарёфти бензини навъи АИ-92 ва АИ-95 дар Тошканд сокинон ба Қазоқистон сафар мекунанд.

Дар баробари ин нархи бензини АИ-95 дар фурӯшгоҳҳои сӯзишвории ширкати “Лукойл”-и Русия аз 14,5 ҳазор сӯм (1,18 долар) то ба 18,5 ҳазор сӯм (1,5 долар) боло рафт. Ҳамчунин бензини АИ-95 истеҳсоли Белорус дар баъзе фурӯшгоҳҳои сӯзишворӣ дар Узбекистон низ пайдо шуд.

Гуфта мешавад, ки соли равон тақрибан тамоми воридоти бензин ба бозори Узбакистон аз Русия сурат гирифтааст.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки аз рӯзи 7-уми октябр воридоти гази табиъӣ низ аз Русия ба Узбекистон дар ҳаҷми 9 милён метри мукааб дар шабонарӯз оғоз шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед