Ru  | Tj
Узбекистон дар се моҳ ба маблағи қариб 800 миллион доллар тило содир кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон дар се моҳ ба маблағи қариб 800 миллион доллар тило содир кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Узбекистон дар се моҳ ба маблағи қариб 800 миллион доллар тило содир кард

Нашр шуд

Дар моҳи август Узбекистон ба маблағи 792,6 миллион доллар тило содир кардааст. Ин аввалин фурӯши филизи қиматбаҳо аз моҳи майи соли ҷорӣ аст. Ҳамзамон содироти маҳсулоти нассоҷӣ коҳиш ёфта, интиқоли меваю сабзавот аз Узбекистон афзудааст. Дар баробари ин ин кишвар воридоти газ ва маҳсулоти нафтиро дар ҳаҷми калон идома медиҳад.

Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Узбекистон 42,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2,66 миллиард доллар ё 6,6 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора сомонаи Gazeta.uz иттилоъ медиҳад.

Ин манбаъ менависад, ки содирот аз Узбекистон бо шумули тило 5,5 дарсад (соли 2023 афзоиш 27,8 дарсад) то ба 17,34 миллиард доллар ва воридот ба 25,36 миллиард доллар 7,4%, афзудааст.

Содироти тило аз ин кишвар дар тӯли ҳашт моҳ ба 4,99 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11,5% камтар аст. Дар моҳи май интиқоли метали қиматбаҳо ба хориҷа 771,9 миллион доллар, моҳи апрел 758,3 миллион доллар, моҳи март 1,35 миллиард доллар ва дар моҳи феврали соли ҷорӣ 1,32 миллиард долларро ташкил дод.

Дар моҳҳои июн ва июли соли ҷорӣ аз Узбекистон содироти тило набуд, аммо дар моҳи август ҳаҷми фурӯш 792,6 миллион долларро ташкил дод.

Ҳиссаи тило дар ҳаҷми умумии содироти Узбекистон аз 34,3 дарсад дар моҳҳои январ-майи соли 2023 то 28,8 дарсад дар 8 моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфт.

Аз сӯи дигар дар ин муддат Узбекистон содироти сабзавоту меваҷотро 20,8 дарсад зиёд карда, то 922,8 миллион доллар расонид.

Гуфта мешавад, ки бозори асосии содироти меваю сабзавоти Узбекистон Русия боқӣ мемонад, ки ҳиссаи он аз 42% то 44,1% афзоиш ёфтааст. Баъдан Покистон, Қазоқистон ва Афғонистон аз ҷумлаи воридкунандагони асосии мева ва сабзавоти Узбекистон маҳсуб мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед