Ru  | Tj
Узбекистон истихроҷи ангиштро зиёду воридоташро кам мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон истихроҷи ангиштро зиёду воридоташро кам мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Узбекистон истихроҷи ангиштро зиёду воридоташро кам мекунад

Нашр шуд

Дар назар аст, ки имсол дар Узбекистон ҳудуди 8 миллион тонна ангишт истихроҷ шавад, ки нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 400 ҳазор тонна бештар аст.
 
Ба ин далел, ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ хеле коҳиш хоҳад ёфт, хабар дод хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбекистон.
 
Дар гузориши сармоягузорӣ дар бахши геологияи Узбекистон зикр мешавад, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар ин кишвар қариб 3 миллион тонна ангишт истихроҷ шуд.
 
Дар нимсолаи дуюм бошад интизор аст, ки ба бозори Узбекистон бештар аз 5 миллион тонна ангишт арза шавад. Аз ин миқдор 1,8 миллион тонна барои эҳтиёҷоти марказҳои барқу гармӣ, беш аз 1 миллион тоннаи дигар ба аҳолӣ ва 540 ҳазор тонна ба муассисаҳои иҷтимоӣ дода мешавад.
 
Масъулин ба раисиҷумҳури Узбекистон дар бораи иҷрои тарҳи бузурги сармоягузорӣ дар кони Нишбаш иттилоъ доданд, ки дар оянда як ширкати чинӣ 400 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Дар оянда аз ин кон солона то 8 миллион тонна ангишт истихроҷ шуда, ғанисозии ҳудуди 5 миллион тоннаи он дар назар аст.
 
Тибқи барномаҳои мақомоти Узбекистон, ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ин кишвар бояд то соли 2025 ба 10 миллион тонна расонда мешавад. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар аввали соли ҷорӣ бо назардошти талаботи аҳолӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва саноат талаб кард, ки истихроҷи ангишт дар ин кишвар 22 дарсад зиёд карда шавад.
 
Гуфта мешавад, ки дар соли соли 2023 дар Узбекистон истихроҷи ангишт беш аз 15 фоиз афзуда, ба 6,55 миллион тонна расид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед