Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Узбекистон содироти сабзавоту меваҷотро то ба 3,5 млрд доллар расонданист
Нашр шуд
Мақомоти Узбекистон ҳадаф гузоштаанд, ки то соли 2025 содироти меваю сабзавотро ба 3,5 миллиард доллар расонанд.
Инро Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар мулоқот бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор эълон кард, иттилоъ дод хадамоти матбуоти раҳбари Узбекистон.
Гуфта мешавад, ки дар соли ҷорӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Узбакистон ба кишварҳои хориҷӣ 370 миллион доллар афзоиш ёфта, ба 2 миллиард доллар расидааст. Аз ҷумла Узбекистон дар содироти зардолу дар ҷои сеюм, гелос ва шафтолу дар ҷои ҳафтум ва маҳсулоти лӯбиёгӣ ҷои даҳумро дар ҷаҳон ишғол мекунад.
Ҳамзамон ҷиҳати афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мақомоти Узбекистон ният доранд, ки ба аҳолӣ барои парвариши сабзавоту мева имкониятҳои нав фароҳам кунанд.
Дар ин замина зикр шуд, ки зарфи панҷ соли охир 260 ҳазор гектар замине, ки қаблан дар он пахтаю ғалла кишт мешуд, ба ихтиёри деҳқонон дода шуд. Интизор аст, ки ин таҷриба идома ёфта, боз 104 ҳазор гектар замин ба деҳқонони ин кишвар тақсим шавад.
Дар ин ҷаласа Шавкат Мирзиёев ба фурӯши маҳсулоти кишоварзии Узбекистон ба хориҷа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Вай гуфт, ки имсол шабакаҳои тиҷоратии бузурги Уммон барои молҳои Узбекистон рафҳои алоҳида ҷудо кардаанд, ки имкон дод гелос, зардолу ва шафтолу ба ин кишвар содир шавад.
Раисҷумҳури Узбекистон масъулин кишварашро вазифадор кард, ки чунин низоми фурӯшро дар Малайзия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва кишварҳои Аврупо ташкил кунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед