Ru  | Tj
Узбекистон тасмим дорад беш аз 200 ҳазор шаҳрвандашро дар кишварҳои пешрафта бо кор таъмин кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон тасмим дорад беш аз 200 ҳазор шаҳрвандашро дар кишварҳои пешрафта бо кор таъмин кунанд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Узбекистон тасмим дорад беш аз 200 ҳазор шаҳрвандашро дар кишварҳои пешрафта бо кор таъмин кунанд

Нашр шуд

Интизор аст, ки дар соли 2025 беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Узбекистон дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта бо кор таъмин шаванд. Дар ин бора ахиран Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон дар ҷаласаи палатаи қонунгузории парлумони ин кишвар изҳор дошт, хабар медиҳад Gazeta.uz.

Ба гуфтаи ин манбаъ, нақшаи бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Узбекистон дар хориҷа як қисми барномаи амали Девони вазирон барои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мебошад, ки дар асоси Стратегияи «Узбекистон-2030» таҳия шудааст.
 «Танҳо дар соли 2025 барои бо кор таъмин намудани беш аз 200 ҳазор шаҳрвандон дар 21 кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, аз қабили Олмон, Британияи Кабир, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Исроил, Канада, Полша, Туркия, Арабистони Саудӣ, АМА ва дигар кишварҳо ба нақша гирифта шудааст», - гуфт Орипов.
Бояд гуфт, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дастур дод, ки тақрибан 100 ҳазор шаҳрванди ин кишварро барои кор дар хориҷа муташаккилона ҷалб кунанд.

Баъдан, Оҷонси муҳоҷирати кор дар хориҷаи Узбекистон барои ҷалби 50 ҳазор коргар ба ҷойҳои корӣ дар Олмон, инчунин дар Кореяи Ҷанубӣ, Лаҳистон, Британияи Кабир ва дигар кишварҳо эълон кард.

Қобили зикр аст, ки имрӯз барои шаҳрвандони Узбекистон маъмултарин самти муҳоҷирати корӣ сафар ба Русия аст.

Тибқи охирин оморҳо, айни замон дар қаламрави Русия 1 млн 748 муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон ба сар мебаранд.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед