Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Узбекистон ва Чин раводидро бекор карданд
Нашр шуд
Созишнома дар бораи бекор кардани низоми раводид миёни Узбекистон ва Чин имзо шуд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов хабар дод.
Дар доираи ин созишнома шаҳрвандони Узбекистон ва Чин ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар ба муддати на бештар аз 30 рӯз ба раводид ниёз нахоҳанд дошт. Санадро Ван И, вазири умури хориҷии Чин ва Бахтиёр Саидов дар Чин имзо карданд.
Бояд гуфт, ки тавофуқоти пешакӣ барои содагардонии низоми раводид миёни ду кишвар дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба Чин дар баҳори соли 2023 ҳосил шуда буд.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2021 шаҳрвандони Чин метавонанд ба муддати 10 рӯз бидуни раводид ба Узбекистон ворид шаванд. Аммо шаҳрвандони Узбакистон барои сафар ба Чин бояд раводид дарёфт кунанд.
Гуфтанист, тайи чанд соли ахир Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва сармоягузории Узбекистон табдил шудааст. Дар соли гузашта савдои хориҷӣ миёни ду кишвар 50% афзоиш ёфта, аз 14 миллиард доллар гузашт.
Ҳамзамон ҷонибҳо ният доранд, ки муомилоти тиҷоратии дуҷонибаро то ба 20 миллиард доллар расонанд.
Инчунин сармоягузории Чин ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Узбекистон 14 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, ки он тайи солҳои охир 5 баробар афзоиш ёфт.

«Имрӯз мо ҳамроҳ бо ҳамкасбам созишномаеро имзо кардем, ки ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад, ки 30 рӯз бидуни раводид сафар кунанд. Ин боз як иқдомест ба суи мубодилаи фаротар, рушди савдо ва робитаҳо байни мардумони ду кишвар», - хабар дод Саидов дар Телеграм.Ба гуфтаи Бахтиёр Саидов, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар "суҳбати пурсамаре доштанд, ки тамоми ҷанбаҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро дар бар гирифт".
Бояд гуфт, ки тавофуқоти пешакӣ барои содагардонии низоми раводид миёни ду кишвар дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба Чин дар баҳори соли 2023 ҳосил шуда буд.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2021 шаҳрвандони Чин метавонанд ба муддати 10 рӯз бидуни раводид ба Узбекистон ворид шаванд. Аммо шаҳрвандони Узбакистон барои сафар ба Чин бояд раводид дарёфт кунанд.
Гуфтанист, тайи чанд соли ахир Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва сармоягузории Узбекистон табдил шудааст. Дар соли гузашта савдои хориҷӣ миёни ду кишвар 50% афзоиш ёфта, аз 14 миллиард доллар гузашт.
Ҳамзамон ҷонибҳо ният доранд, ки муомилоти тиҷоратии дуҷонибаро то ба 20 миллиард доллар расонанд.
Инчунин сармоягузории Чин ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Узбекистон 14 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, ки он тайи солҳои охир 5 баробар афзоиш ёфт.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед