Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Узбекистон задани кӯдаконро дар ҷараёни тарбия қонунан манъ кард
Нашр шуд
Раисҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба волидайн латукӯби фарзандони худ дар ҷараёни тарбияи онҳо мамнӯъ аст.
Тибқи иттилои сомонаи Lex.uz, қонуни мазкур аз 15 майи соли 2025 эътибор пайдо мекунад.
Қонун «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ» чораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғонро муқаррар кардааст.
Дар он гуфта мешавад, ки «усули тарбияи кӯдакон бояд аз бераҳмӣ, муносибати таҳқиркунандаи шаъну шараф, ё истисмори кӯдакон орӣ бошад».
Ин санад ҳамчунин истифодаи муҷозоти ҷисмонӣ ва дигар навъҳои хушунат дар мактабро низ манъ мекунад.
Ҳамзамон тибқи ин қонун кӯдаки ҷабрдида ҳақ дорад ба мақомоти ваколатдор ё додгоҳ муроҷиат намуда, дар марказҳои махсус ё тавассути телефони боварӣ кумаки ройгони ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тиббӣ гирад.
Гуфта мешавад, ки Оҷонси миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон нақши муҳим дорад. Маҳз ҳамин ниҳод бояд фаъолияти маркази тамоси шабонарӯзиро барои қабули арзу шикоятҳо таъмин намояд, инчунин шаҳрвандони қурбонии зӯровариро муайян намуда, ба ҳисоб гирад.
Дар қонун созукори таъмини кӯдак бо ордери муҳофизатӣ мушаххас шудааст. Ин санад аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати то 30 рӯз дода шуда, ба ҷабрдида ё намояндаи қонунии ноболиғ супорида мешавад. Дар сурати бартараф нашудани таҳдид, додгоҳ метавонад ҳукми муҳофизати кӯдакро то ба як сол тамдид намояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед