Ru  | Tj
Ҳузури беш аз 500 ширкат дар Форуми тиҷоратии Русия ва Ӯзбекистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳузури беш аз 500 ширкат дар Форуми тиҷоратии Русия ва Ӯзбекистон
Акс: nuz.uz

Ҳузури беш аз 500 ширкат дар Форуми тиҷоратии Русия ва Ӯзбекистон

Нашр шуд

Дар Самарқанд рӯзи 1-уми декабр Форуми тиҷоратии Ӯзбекистону Русия ифтитоҳ ёфт, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, иттиҳодияҳои соҳавӣ, инчунин беш аз 500 намояндаи ширкатҳои ду кишвар ширкат доранд.

Ҳайати Ӯзбекистонро муовини нахуствазир - вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ Ҷамшед Хоҷаев ва ҳайати Русияро Максим Рашетников, вазири рушди иқтисоди Русия раҳбарӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш таъкид гардид, ки тайи панҷ соли охир гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Русия 170 фоиз ва то охири соли 2021 сеяки дигар афзоиш ёфта, беш 7,5 миллиард долларро ташкил додааст. Илова бар ин ҷонибҳо ният доранд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишварро ба 10 миллиард расонанд.

Дар баробари ин зикр шудааст, ки ҳамкориҳои сармоягузориву саноатӣ дар ҳоли тавсеа қарор дошта, тайи 5 соли гузашта теъдоди ширкатҳои муштаркати Ӯзбекистону Русия се баробар зиёд шуда, ба се ҳазор расидааст.

Инчунин айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон бо мушорикати ширкатҳои русӣ ҳудуди дусад тарҳ бо ҳазинаи беш аз 20 миллиард доллар дар заминаҳои энергетика, металлургия, маъдан, тандурустӣ ва дорусозӣ, саноати сабук, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва ҳамчунин коркарди мева ва сабзавот амалӣ мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед