Ru  | Tj
Ҳузури ду гурӯҳи театрии Тоҷикистон дар ҷашнвораи “Фаҷр”-и Эрон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳузури ду гурӯҳи театрии Тоҷикистон дар ҷашнвораи “Фаҷр”-и Эрон
Акс: Интернет

Ҳузури ду гурӯҳи театрии Тоҷикистон дар ҷашнвораи “Фаҷр”-и Эрон

Нашр шуд

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши “Фирдавсӣ”-ро бо коргардонии Султон Усмонов (аз рӯи романи устод Сотим Улуғзода, нависандаи бузурги тоҷик) ва Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ “Лаъли Бадахшон”-ро дар таҳияи Умед Хисрав (асари Ҷумъа Қуддус) дар 40-умин Ҷашнвораи байналмилалии театри “Фаҷр”-и Эрон иҷро хоҳанд кард.

Онҳо дар ҷашнвораи театрии «Фаҷр» (16-уми феврал) ҳамчун меҳмони махсус ширкат карда, асарҳоро рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар шаҳри Теҳрон ба саҳна мегузоранд. 

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар чанд соли ахир бо пастиву баландиҳои зиёд давом пайдо мекунад. Пас аз як тавофуқи тӯлонӣ дар сафарҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои ҳамдигар ҳузури ду намоишнома аз Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии "Фаҷр" дар Эронро ҳоло бисёриҳо оғози як саҳифаи тозае дар равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон медонанд.

Оилаҳои эҳтиёҷманди Хуҷанд аз Сарвари давлат хона тӯҳфа гирифтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед