Ru  | Tj
Вадим Коженов ба муҳоҷирон муроҷиат кард, ки зудтар будубоши худро дар ҳудуди Русия қонунӣ кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вадим Коженов ба муҳоҷирон муроҷиат кард, ки зудтар будубоши худро дар ҳудуди Русия қонунӣ кунанд
Акс: Sputnik

Вадим Коженов ба муҳоҷирон муроҷиат кард, ки зудтар будубоши худро дар ҳудуди Русия қонунӣ кунанд

Нашр шуд

Вадим Коженов ба муҳоҷирон муроҷиат кард, ки зудтар будубоши худро дар ҳудуди Русия қонунӣ кунанд

Пас аз имзои фармони нави Президент Владимир Путин "Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи бартараф намудани оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)" сардори Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов ба муҳоҷирон муроҷиати видеоӣ намуда, даъват ба амал овард, ки охирин мӯҳлат, яъне 30-юми сентябрро интизор нашаванду беҳтараш сари вақт аз пайи дуруст кардани ҳуҷҷатҳо гарданд.

Ӯ дар ин муроҷиатнома ҳамчунин афзудааст, ки тибқи фармони нав то 30-юми сентябр дар мавриди хориҷ, депорт ва манъ кардани вуруд ба ҳудуди Русия ягон хулоса бароварда намешавад.

Ёдрас бояд шуд, нафароне, ки солҳои зиёд дар ҳудуди Русия бе ҳуҷҷати зарурӣ оид ба будубош ва фаъолият сукунат доранд, метавонанд бо аризаи дар шакли оддӣ тартибдодашуда ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд ва маблағи ҷаримаро супоранду худро дар қайди хадамоти муҳоҷират гузоранд.



Ваксинакунонии муҳоҷирон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Русия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед