Ru  | Tj
Вакилони Суғд раванди иҷрои барномаи касбомӯзиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вакилони Суғд раванди иҷрои барномаи касбомӯзиро баррасӣ карданд
Акс: sugd.tj

Вакилони Суғд раванди иҷрои барномаи касбомӯзиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Дар иҷлосияи ахири Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят раванди иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025» баррасӣ шуд. Дар ин бора “Ҳақиқати Суғд” иттилоъ дод.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар робита ба ин масъала Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд гузориш дода, гуфт, ки дар ҷараёни амалишавии барномаи мазкур ҳунаристонҳои шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Панҷекат, Бобоҷон Ғафуров ва Масчо бозсозӣ шуда, барои касбомӯзии сокинон дар ин омӯзишгоҳҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Аз ҷумла дар ин давра ба ҳунаристонҳо 12 намуд китоби дарсии тахассусӣ дастрас шуда, ҳоло таъминоти китоб дар омӯзишгоҳҳо ба 54,3 дарсад рост меояд.

Ба гуфтаи Яъқубӣ, барои соҳибкасб кардани шаҳрвандон дар назди омӯзишгоҳҳо 15 маркази ҳунаромӯзӣ созмондиҳӣ шуда, калонсолон аз як то се моҳ аз рӯйи 40 ихтисос омӯзонида шуда, соҳиби касб ва гувоҳинома мегарданд.

Вай дар идома афзуд, ки ҳамзамон нақшаи соҳибкасб кардани шаҳрвандон аз сӯйи шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Хуҷанд, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристон иҷро нагардида, шароити синфхонаҳои таълимии касбомӯзии ноҳияҳои Ашт, Айнӣ Девоштич, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Масчо ба талабот ҷавобгӯй нест.

Аз сӯйи дигар муовини раиси вилояти Суғд, таъкид кард, ки тибқи талаботи барномаи мазкур барои касбомӯзӣ ба маъюбон, афроди аз маҳбас озодшуда ва муҳоҷирон бояд эътибори алоҳида зоҳир карда шавад.

Ҳамчунин дар ин иҷлосия масъалаи таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021‐2025 муҳоқима шуд.

Дар ин замина зикр шуд, ки иҷрои барномаи мазкур дар умум дар қаламрави вилояти Суғд хуб бошад ҳам, вале дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол, Айнӣ, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов нокифоя ва дар ноҳияҳои Девоштич ва Кӯҳистони Масчо корбарӣ нашудааст.

Дар идома таъкид шуд, ки бо беҳтар гардидани заминаи моддиву фаннӣ ва муҷаҳҳаз шудани утоқҳои фаннӣ иштироки фаъолонаи донишомӯзони мактабҳои вилояти Суғд ба озмунҳои фаннӣ аз фанҳои дақиқ низ сол аз сол беҳтару хубтар гардидааст.

Дар фарҷоми ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳамзамон вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин вилоятро баррасӣ карда, барои саривақт ҷамъоварӣ кардани пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва иҷрои саривақтии барномаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед