Ru  | Tj
Ваксинаи русӣ ҳам ба Душанбе расид. Вазорат гуфт, ки киҳо бо “Спутник V” эм мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ваксинаи русӣ ҳам ба Душанбе расид. Вазорат гуфт, ки киҳо  бо “Спутник V” эм мешаванд
Акс: Азия-Плюс

Ваксинаи русӣ ҳам ба Душанбе расид. Вазорат гуфт, ки киҳо бо “Спутник V” эм мешаванд

Нашр шуд

Ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ки ҳомили 50 ҳазор воя ваксинаи “Спутник V” буд, субҳи имрӯз ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

Федератсияи Русия ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 50 ҳазор воя ваксинаи “Спутник V” тақдим намуд, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин ваксинаҳоро дар фурудгоҳи пойтахти кишвар ду муовини Вазири тандурустӣ, намояндаи Сафорати Русия дар Маскав ва дигар нафарони масъул қабул кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ваксинаҳои “Спутник V” дар анборҳои махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ шуда, аз рӯи рӯйхати тартибдодашуда ба шаҳрвандон гузаронида мешавад.

Ба Тоҷикистон ҳудуди 4 миллион воя ваксина ворид шудааст. То имрӯз дар кишвар се намуд ваксина – AstraZeneca, CoronaVac ва Moderna ба мардум пешниҳод мешуд.

Қаблан Вазорати тандурустӣ эълон карда буд, ки бояд то охири сол 62,5 фисади сокинон ваксина бигиранд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 3-юми июл бо судури қароре гирифтани ваксинаро барои шаҳрвандони аз 18 сола боло ҳатмӣ муқаррар карда буд.



Дар як рӯз 60 ҳазор ва дар маҷмӯъ 1,5 миллион. Вазорат омори нафарон ваксинагирифтаро нашр кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед