Ru  | Tj
Ваксинаи “Спутник V” дар Эрон низ сабт гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ваксинаи “Спутник V” дар Эрон низ сабт гардид

Ваксинаи “Спутник V” дар Эрон низ сабт гардид

Нашр шуд

Ваксинаи ихтирои Русия “Спутник V” дар Эрон низ эътирофи худро пайдо кард. Аввалин ваксинаҳоро тавассути ҳавопаймоҳо ба Эрон фиристода шуданд, гуфта мешавад дар “Спутник Тоҷикистон” бо истинод ба радиои бурунмарзии тоҷикии “Садои Хуросон”. Тавре хабар дода мешавад, ба ғайр аз парвози анҷом дода, боз дар ду парвози дигар ваксинаҳоро ба Эрон хоҳанд фиристод.

Сабаби сабт намудани ваксинаи “Спутник V” аз ҷониби Эрон, ин эътирофи 15 кишварҳои дунё мебошад, ки даворо дар кишвари худ сабт намуданд ва эътимоднокии он 91 фоизро ташкил дод. Аз ҳамин сабаб Эрон хост ҳамчун 16 кишвар ба ин руйхат шомил шавад. 

Бояд қайд кунем, ки Қазоқистон ва Туркманистон низ ихтирооти Русияро сабт намудан ва шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ омода намуда истодаан.
Тоҷикистон бошад ҳануз дархости “СпутникV”-ро накардааст ва танҳо барои 1100 нафар ҳарбиёну табибони Русия дар Тоҷикистон вояҳо оварда шудааст.

Хонандаи Halva.tj бо "Спутник V" эм карда шуд ва дар бораи таҷрибаи худ нақл кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед