Ru  | Tj
Ваксинакунонии муҳоҷирон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ваксинакунонии муҳоҷирон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Русия
Акс: Интернет

Ваксинакунонии муҳоҷирон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Русия

Нашр шуд

Ширкатҳои сохтмонии Русия барои муҳоҷироне, ки бо мақсади кор кардан ба Русия сафар кардаанд, шароити эм кардан аз COVID-ро муҳайё сохтаанд.

Нашрияи "Взгляд" дар истинод ба оҷонсии "ТАСС" менависад, ки намояндаи ҳукумати Русия Марат Хуснулин дар мусоҳиба бо телевизиони"Россия-24" изҳор доштааст, ки: "Мо дар назди худ ҳадаф гузоштем, то ҳамаи онҳоеро (муҳоҷирони меҳнатиро), ки ба Русия сафар мекунанд, ваксина кунем".

Оҷонсии ТАСС шарҳ додааст, ки ширкатҳои сохтмонӣ омодаанд раванди ваксинагузарониро ташкил намуда, онро аз ҳисоби худ маблағгузорӣ намоянд.

Ҳамчунин, Хуснулин илова намудааст, ки: "Худи коргароне, ки аз Белорусия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Русия омадаанд, манфиатдоранд, то дар ин ҷо маблағ ба даст оранд. Аз ин лиҳоз, умед дорем онҳо шарти ваксинакунонии моро қабул мекунанд".



Русия то охири сентябр “депорт” намекунад. Амри нави Путинн


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед