Ru  | Tj
Варзишгарбонуи русу паҳлавонони тоҷик. Ғолибони мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ муайян шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгарбонуи русу паҳлавонони тоҷик. Ғолибони мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ муайян шуданд
Акс: Sputnik

Варзишгарбонуи русу паҳлавонони тоҷик. Ғолибони мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ муайян шуданд

Нашр шуд

Камила Бобурова, варзишгарбонуи рус, ва чаҳор паҳлавони тоҷику як ӯзбек дар мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ дар Душанбе ба ҳарифони худ дастболо шуданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ паҳлавонон аз Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон дар панҷ вазн байни ҳам зӯрозмоӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа миёни мардон чаҳор варзишгари тоҷик - Хайрандеш Муродзода (60 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (70 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг) ва Темур Раҳимов (+90 кг) ва як паҳлавони ӯзбек Умар Бозоров (80 кг) мақоми нахустро касб кардаву соҳиби шоҳҷоиза шуданд.

Ҳамчунин бонувони куштигир дар вазни то 65 килограмм ба майдони сабқат баромада, миёни онҳо намояндаи Русия Камила Бобурова мақоми аввалро ишғол намудааст.

Манбаъ меафзояд, ба ғолибони ҳар вазн шоҳҷоиза – мошини сабукрав, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардидааст.

Мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рӯзи 12-уми сенятбр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ва баргузор гардид. Соли Ҷорӣ ин аллакай дуюмин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар риштаи куштии миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мусобиқаи аввалро Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ташкил намуда буд.

Ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд ба кӯмаки сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло рафтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед