Ru  | Tj
Варзишгардухтарони навраси тоҷик дар Қаз­оқистон сазовори панҷ медали биринҷӣ шуд­анд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгардухтарони навраси тоҷик дар Қаз­оқистон сазовори панҷ медали биринҷӣ шуд­анд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Варзишгардухтарони навраси тоҷик дар Қаз­оқистон сазовори панҷ медали биринҷӣ шуд­анд

Нашр шуд

Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ, ки дар шаҳри Актауи​ Қазоқистон рӯзҳои 23-28-уми август бар­гузор шуд, сазовори панҷ медали биринҷӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи байналм­илалӣ ҷумҳурии моро 4 нафар дастпарварони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд намоянда­гӣ кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ва­рзишгари наврас Сада­фмоҳ Маҳмадҷалолзода дар ин мусобиқа дар иҷрои ду навъи​ ма­шқҳо соҳиби ду медали биринҷӣ гардида, ҳамчунин варзишгарони дигар Маликахон Али­матова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода яктоӣ медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ча­нд рӯз қабл варзишгарони ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмила­лии гимнастикаи баде­ии «East Cup Stars Olympic» («Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ») як медали тилло, па­нҷ нуқра ва чор бири­нҷӣ ба даст оварда, соҳиби Ҷоми даставии мусобиқа гардида бу­данд.


Варзишгари тоҷик дар Боку сазовори медали нуқра шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед