Ru  | Tj
Варзишгари фаронсавӣ писари Бег Сабурро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгари фаронсавӣ писари Бег Сабурро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард
Акс: Кумитаи миллии олимпӣ

Варзишгари фаронсавӣ писари Бег Сабурро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард

Нашр шуд

Сиёвуш Зуҳуров бо вазни 91 кг дар муҳориба бо муштзани фаронсавӣ Мурод Алиев бо ҳисоби 5:0 шикаст хӯрд.

Қувваозмоӣ рӯзи гузашта баргузор гардид. Сиёвуш 28 сол дошта, рақибаш аз ӯ 3 сол хурд буд. Мурод Алиеви 25 сола дар рейтинги ҷаҳонӣ дар мақоми 10-ум қарор дорад ва ба финали 1/8 роҳ ёфт.

Ба ҳамин минвол, Зуҳуров аз ҳаққи давом дадани муҳориба дар Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио маҳрум шуд.

Аз байни муштзанони тоҷик танҳо Баҳодур Усмонов ба даври оянда гузашт. Рақиби навбатии Баҳодур Усмонов варзишгари ӯзбек Элнур Абдураимов аст. Разми онҳо рӯзи 31-уми июл соати 8:51 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Ғайр аз Усмонов, боз 3 варзишгари тоҷик: Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳаруяшон шиноварӣ), Илнур Аҳмадиев ( атлетикаи сабук) ба сабқат омодагӣ мебинанд.

Ёдовар мешавем, ки ба бозиҳои олимпӣ аз мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмӯъ 9 варзишгар сафарбар шуда, шаш нафари онҳо аллакай ҳаққи давом додани муҳориба дар Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токиоро аз даст доданд.



Комроншоҳ аз ҳамватанон узр пурсид. Ӯ пеш аз бозиҳои олимпӣ ба COVID-19 гирифтор шудааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед