Ru  | Tj
Варзишгари тоҷик дар муҳорибаи тан ба тан ғолиби Ҷоми ҷаҳон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгари  тоҷик дар муҳорибаи тан ба тан ғолиби Ҷоми ҷаҳон шуд
Акс: Sputnik

Варзишгари тоҷик дар муҳорибаи тан ба тан ғолиби Ҷоми ҷаҳон шуд

Нашр шуд

Камолиддин Боймирзоев дар вазни то 60 кг дар Ҷоми ҷаҳонии муборизаи тан ба тан, (рукапашный бой) ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, сазовори медали тилло гашт.

Ба иттилои "Азия-плюс", ба ғолибони мусобиқа ба ҷӯзъ аз медали тилло, инчунин унвонҳои Устоди сазовори варзиш ва ё Устоди варзиши сатҳи байналмиллалӣ дода шуданд.

Гуфта мешавад, ки Камолиддин Боймирзоев ҷанговари ММА буда, фаъолияти касбиашро аз соли 2019 оғоз намудааст. Ӯ то имрӯз ҳамагӣ се маротиба қувваозмоӣ намуда, дар як маврид пирӯзу ду бори дигар мағлуб шудааст.

Ҳамчунин, Боймирзоев дар мусобиқаҳои ACA Young Eagles, CFC, Belgorod Absolute Fighting иштирок намудааст.

Ба таъкиди манбаъ, ба варзишгари тоҷик лозим меояд, ки барои шомил шудан ба рейтинги байналмилалии ММА, ҳадди ақал 2 маротибаи дигар дар ММА қувваозмоӣ намояд.

Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷанги тан ба тан дар Русия бори нахуст (13-уми ноябри соли 2021) баргузор гардид. Беш аз 300 тан варзишгар аз 37 кишвари ҷаҳон дар ин мусобиқа иштирок доштанд.

Федератсияи байналмилалии тан ба тан имсол 15 солагияшро таҷлил менамояд. Феълан мақсади аввалиндараҷаи федератсияи мазкур аз он иборат аст, ки ҷанги тан ба танро ба руйхати намудҳои варзиши олимпӣ шомил намояд.


Барор дар финали панҷум. Акмалиддин Каримов Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед