Ru  | Tj
Варзишгарони Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои паралимпӣ 35 медал ба даст оварданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгарони Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои паралимпӣ 35 медал ба даст оварданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Варзишгарони Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои паралимпӣ 35 медал ба даст оварданд

Нашр шуд

Варзишгарони Узбекистон дар Бозиҳои паралимпӣ дар Порис 26 медал ба даст оварда, дар ҳисоби медалҳо мақоми 13-умро касб карданд.

Варзишгарони Қазоқистон бо 9 медал дар феҳристи умумӣ мақоми 39-ум касб карданд.

Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ аз 28 август то 8 сентябр дар шаҳри Порис баргузор шуда, варзишгарони маълули 85 кишвар соҳиби медал шуданд.

Тими варзишгарони паралимпии Узбекистон дар ин бозиҳо 10 медали тило, 9 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст овард.

Дар баробари ин варзишгарони Қазоқистон дар бозиҳои паралимпӣ 2 медали тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин баробар варзишгарони паралимпӣ аз Қирғизистон ва Туркманистон дар Бозиҳои паралимпии Порис медал ба даст наоварданд. Аммо аз Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Порис ягон нафар варзишгар ширкат накард.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои 17-уми тобистонаи паралимпӣ аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ 114 варзишгар иштирок кард.

Ба ҳайати мунтахаби Узбекистон 65 варзишгар дар нӯҳ риштаи варзиш, мунтахаби Қазоқистон 44 варзишгар дар нӯҳ намуди варзиш, тими Қирғизистон чаҳор нафар дар чор риштаи варзиш ва аз Туркманистон як варзишгар дар риштаи пауэрлифтинг шомил буданд.

Дар Паралимпиадаи Порис-2024 аз рӯи ҳисоби медалҳо (ҳам сифат ва ҳам шумораи умумӣ) мунтахаби Чин бо 220 медал (94 нишони тило, 76 нуқра ва 50 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед