Ru  | Tj
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ дар ҷойи 79-ум қарор гирифтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ дар ҷойи 79-ум қарор гирифтаанд
Акс: varzishtv.tj

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ дар ҷойи 79-ум қарор гирифтаанд

Нашр шуд

Бозиҳои олимпии Порис - 2024 рӯзи 11 август анҷом ёфтанд. Варзишгарони Тоҷикистон бо касби се медали биринҷӣ миёни 206 давлат дар ин бозиҳои олимпӣ мақоми 79-умро соҳиб шуданд. Дар ин бора сомонаи varzishtv.tj хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 ҷудокорони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва муштзан Давлат Болтаев (-92 кг) дар риштаи бокс медалҳои биринҷиро барои Тоҷикистон ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои олимпии Порис аз Тоҷикистон 14 варзишгар ширкат дошт. Аммо 11 варзишгари тоҷик - муштзанҳо Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг), ҷудокорон - Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг, ҷойи ҳафтум), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), шиноварон - Фахриддин Мадкамов (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон) ва Екатерина Бордачёва (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон), даванда - Фаворис Музрапов (дав ба масофаи 100 метр байни мардон), Виктор Рассадин (74 кг, ҷойи панҷум) дар риштаи гуштии озод ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) дар риштаи таэквондо аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Қобили зикр аст, варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Порис дар маҷмӯъ 29 медал (9 тило, 7 нуқра ва 13 нишони биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Аз миёни кишварҳои минтақа беҳтарин натиҷаро варзишгарони Узбекистон соҳиб шуданд. Дастаи мунтахаби Узбекистон дар Олимпидаи Порис соҳиби 13 медал (8 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) шуда, аз ҳисоби медалҳои тило дар миёни 206 давлат ҷои 13-умро касб кард. Ҳамзамон тими Узбекистон аз ҳисоби медалҳои олимпии бадастоварда дар миёни кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ пешсаф буда, дар байни кишварҳои Осиё дар мақоми чорум аст.

Варзишгарони Қазоқистон бо касби 7 медал (1 тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 42-юм, Қирғизистон бо касби 6 медал (2 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 68-ум ва Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 79-ум ҷойгир шудаанд. Аммо варзишгарони Туркманистон дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 натавонистанд ягон медал ба даст оранд.

Аз рӯи натиҷаҳои Бозиҳои олимпӣ, мунтахаби ИМА дар ҳисоби медалҳо ғолиб омад. Варзишгарони Амрико 127 медал (40 тило, 44 нуқра, 43 биринҷӣ) гирифтанд. Тими варзишгарони Чин бо касби 91 медал (40 тило, 27 нуқра, 24 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо мақоми дувумро касб кард. Дар мақоми сеюм бошад тими Ҷопон аст, ки дар Бозиҳои олимпии Порис 45 медал (20 тило, 12 нуқра, 13 биринҷӣ ба даст овард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед