Ru  | Tj
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ соҳиби ҳашт медал шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ соҳиби ҳашт медал шуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ соҳиби ҳашт медал шуданд

Нашр шуд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук се медали тило, ду нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла варзишгарони кишвар Фаворис Музрапов, Илдар Аҳмадиев ва Александр Пронженко  дар риштаи давидан ба масофаи 200 метр миёни мардҳо се ҷои нахустро соҳиб шудаанд.

Гуфта мешавад, варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ низ бо натиҷаи 7.73 метр медали тило ба даст овардааст.

Манбаъ афзудааст, дар ин баробар, дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.50 соҳиби медали нуқра ва дар эстафетаи 4х400 метр бо натиҷаи 3:20.42 сазовори медали биринҷӣ гаштааст.

 Ҳамчунин, Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар дав ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 9:44.32 медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук рӯзҳои 23-25-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 300 нафар варзишгарон аз 9 давлати ҷаҳон иштирок карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук иборат аз 15 нафар бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов дар ин мусобиқа ширкат варзид.


Варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон сазовори медал шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед