Ru  | Tj
Варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон сазовори медал шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон сазовори медал шуданд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон сазовори медал шуданд

Нашр шуд

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон 9-умин Марафони байналмилалии Иссиқкӯл баргузор шуд.

Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон Марафони байналмиллалии Иссиқкӯл баргузор гардид, ки дар он давандаҳои тоҷик низ ширкат карда, 5 нафари онҳо ҷойҳои намоён гирифтанд.

Дар марафон дар масофаи 42 км 195 метр миёни мардон варзишгари тоҷик Шокирҷон Мамейқулов медали биринҷӣ ва 70 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Бахтиёр Уткиров бошад ҷойи чорум ва 50 ҳазор сомониро соҳиб гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳамчунин дар ниммарафон ба масофаи 21 км 97 метр миёни мардон Ҳасанҷон Акбаралиев сазовори медали биринҷӣ ва 20 ҳазор сомонӣ шуд. Меҳробҷон Одинаев ҷойи чорум (10 ҳазор сомонӣ) ва Ғайрат Олимов (7 000 сомонӣ) ҷойи панҷумро соҳиб гардиданд.

Бояд гуфт, дар Марафони байналмилалии Иссиқкӯл, ки дар ду масофа миёни мардону бонувони синни гуногун доир гардид, 3000 нафар варзишгар аз 35 давлат иштирок карданд.

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа бошад 1 миллиону 44 ҳазор сомониро ташкил медод.


Клуби футболбози тоҷик ба Лигаи олии Русия роҳ ёфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед