Ru  | Tj
Вазъи Афғонистон ба раванди иҷрои тарҳи бузурги “CASA-1000” таъсир нарасондааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазъи Афғонистон ба раванди иҷрои тарҳи бузурги “CASA-1000” таъсир нарасондааст
Акс: Озоди

Вазъи Афғонистон ба раванди иҷрои тарҳи бузурги “CASA-1000” таъсир нарасондааст

Нашр шуд

Муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ба раванди иҷрои тарҳи бузурги “CASA-1000” таъсиргузор нест ва корҳо дар ин самт аз рӯи нақша идома доранд.

Ин матлабро Асозода дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе баён намуд. Вай афзуд, ки дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон дар татбиқи лоиҳаи “CASA-1000” ягон қафомонӣ намешавад.

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки новобаста аз вазъияти баамаломада дар Афғонистон интиқоли нерӯи барқ ба ин кишвари ҳамсоя бидуни ҳеҷ маҳдудияте идома дорад.

“CASA-1000” бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки низоми энергетикии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро ба ҳам пайваст менамояд. Амалӣ гардидани ин тарҳ ҷиҳати гузоштани қадами муҳим барои ташкилнамоии Бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат менамояд.

Тоҷикистон ва Афғонистон эъломияи муштаракро имзо карданд – дар он чи гуфта шудааст?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед