Ru  | Tj
Вазир барор хост. Фаъолияти Такаюкӣ Мияшита дар Душанбе ба поён расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазир барор хост. Фаъолияти Такаюкӣ Мияшита дар Душанбе ба поён расид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазир барор хост. Фаъолияти Такаюкӣ Мияшита дар Душанбе ба поён расид

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Ҷопон дар Душанберо дар иртибот ба поёни маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт ва бо вай мулоқот кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбари ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи гузашта бо Такаюкӣ Мияшита, Сафири ҳамакнун собиқи Ҷопон дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо дар ин дидор масоили марбут ба густариши минбаъдаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар арсаҳои мухталифро мавриди баҳсу барарсӣ қарор доданд.

Муҳриддин ба Мияшита барои саҳми арзанда дар тақвияти муносиботи Душанбеву Токио изҳори миннатдорӣ намуд ва ба вай дар фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо орзу кард.

Такаюкӣ Мияшита се сол қабл, моҳи ноябри соли 2019 эътимодномаи худро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида буд.

Бояд гуфт, ки муносибтои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон соли 1992 барқарор шуда, Сафорати ин кишвар соли 2002 дар Душанбе ифтитоҳ гардидааст.

Миёни ду кишвар то имрӯз беш аз 60 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, Агентии ҳамкориҳи байналмилалии Ҷопон (JICA) дар рушди бахшҳои мухталифи иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Токиову Душанбе қабл аз хуруҷи коронавирус чамшрас буда, ба таври мисол дар соли 2018 ба беш аз 65 миллион доллар баробар будааст.

Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед