Ru  | Tj
Вазири энергетика: Қисмати тоҷикистонии CASA-1000 соли оянда пурра омода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири энергетика: Қисмати тоҷикистонии CASA-1000 соли оянда пурра омода мешавад
Акс: Интернет

Вазири энергетика: Қисмати тоҷикистонии CASA-1000 соли оянда пурра омода мешавад

Нашр шуд

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи расмии кишвар – “Ҷумҳурият” дар бобати раванди корҳои сохтмонӣ дар тарҳи CASA-1000 маълумот дод. 

Далери Ҷумъа, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар Тоҷикистон беш аз ҳаштод дарсади умури сохту сози тарҳи CASA-1000 анҷом ёфтаанд  ва  қисмати тоҷикистонии ин лоиҳаи бузурги интиқоли барқ соли 2022-юм пурра омода хоҳад шуд. 

Вазири тоҷик ҳамчунин дар мавриди ҷараёни кори бунёди ин лоиҳа дар кишварҳои дигар зикр намуд, ки бо такя ба маълуомти дастрасшуда дар Афғонистон бештари таҷҳизот дастрас шудаву панҷоҳ дарсади корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд ва дар Покистон аллакай ба бунёди зеристгоҳи асосӣ ва хатҳои интиқоли барқ шурӯъ намудаанд. 

Далери Ҷумъа таъкид дошт, ки бо масъулини кишварҳои иштирокдори ин тарҳ пайваста дар тамос ҳастанд ва ин лоиҳа дар сатҳе қарор дорад, ки дигар шакке дар амалигардияш несту чизе наметавонад монеи он шавад. 

“CASA-1000” бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки низоми энергетикии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро ба ҳам мепайвандад. Амалӣ гардидани ин тарҳ ҷиҳати гузоштани қадами муҳим барои ташкилнамоии Бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат менамояд.


Зокирзода гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед