Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Чин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Нашр шуд
Дар доираи сафари расмии Ван И миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Чин барномаи дусолаи ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.
Рӯзҳои 18-19 май Ван И, узви Садорати сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин, роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар бо сафари расмӣ аз Душанбе боздид мекунад. Дар ин бора Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар доираи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Чин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддин Муҳрридин, вазири корҳои хориҷӣ дидору гуфтӯгу хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки дар доираи сафари Ван И Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2024-2025 ба имзо мерасад.
Бояд гуфт, ки интизор аст, ки раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон биояд. Аммо санаи дақиқи сафар ҳанӯз маълум нест. Ин мавзӯъ охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Сун Вейдун, муъовини вазири хориҷаи Чин матраҳ шуда буд. Дар ин музокирот дипломатҳо масъалаҳои омодасозии сафари раҳбари Чинро баррасӣ карда буданд.
Хотиррасон мекунем, ки бори охир Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии мардумии Чин моҳи июни соли 2019 бо як сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид карда буд.
Инчунин моҳи майи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Чин дидан карда, дар нахустин мулоқоти сарони давлатҳо дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Чин” ширкат карда буд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед