Ru  | Tj
Вазири хориҷаи Эрон вориди Бейрут шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири хориҷаи Эрон вориди Бейрут шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Вазири хориҷаи Эрон вориди Бейрут шуд

Нашр шуд

Дар пайи ташдиди ҳамалоти Исроил ба Лубнон, Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон, барои гуфтугӯ бо мақомоти Лубнон вориди Бейрут, пойтахти ин кишвар шудааст.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон эълон кард, ки оқои Ароқчӣ имрӯз вориди Бейрут шудааст.

"Эрон дар ҳамбастагӣ бо мардуми шуҷои Лубнон собитқадам аст. Ҳамаи минтақа бояд вазъияти ҷиддиеро, ки Лубнон бо он рӯбарӯ аст ва оқибатҳои он барои ояндаи миллатҳоямонро дарк кунад”, - гуфт ӯ.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд, дар ин сафар 10 тон маводи ғизоӣ ва доруворӣ низ ба мақомоти Лубнон интиқол дода мешавад.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Лубнон аз субҳи имрӯз шоҳиди ҳамлаҳои шадиди Исроил аст.

Ба навиштаи New York Times, дар яке аз ин ҳамлаҳо Исроил нишасти раҳбарони аршади "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнонро ҳадаф қарор додааст.

Ин расона аз қавли се мақоми исроилӣ навиштааст, ки Ҳошим Сафиуддин, ҷонишини эҳтимолии Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли собиқи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон низ дар ин нишаст ҳузур дошт.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи 13-и телевизиони Исроил хабар дод, ки ниҳодҳои амниятии Тел-Авив бар ин боваранд, ки амалиёти куштори Сафиуддин муваффақ будааст.

Қаблан манобеи "Ал-Арабия" гузориш дода буданд, ки Исроил Ҳошим Сафиуддин, номзади ҷонишини Ҳасан Насруллоҳро дар ҳамалоти шадиди худ ба манотиқи ҷанубии Бейрут ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши хабарнигорони “Ал-Арабия”, ҳамлаҳои ахири Исроил ба манотиқи ҷанубии Бейрут назар ба ҳамлаҳое, ки Ҳасан Насруллоҳро ҳадаф қарор дода буданд, шадидтар будааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед