Ru  | Tj
Вазири хориҷаи Туркия: Мо барои эътирофи Толибон шитоб надорем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири хориҷаи Туркия: Мо барои эътирофи Толибон шитоб надорем
Акс: Podrobno.uz

Вазири хориҷаи Туркия: Мо барои эътирофи Толибон шитоб надорем

Нашр шуд

Ба гузориши рӯзномаи туркии «Сабоҳ», ҷаноби Мавлуд Човушоғлу гуфтааст, ки Туркия барои шинохтани Толибон шитоб намекунад.

Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу мегӯяд, тибқи робитаҳои таърихии худ бо афғонҳо, онҳо дар бахшҳои мухталиф дар Афғонистон сармоягузорӣ кардаанд. 
Ҷаноби Човушоғлу ҳамчунин афзуда, ки Туркия ба бӯҳрони Афғонистон бетафовут нахоҳад монд.

Вай гуфтааст, ки таҳдиди терроризм, маводи мухаддир ва афзоиши муҳоҷират аз Афғонистон бояд аз байн бардошта шуда, аз бӯҳрони иқтисодӣ ва бӯҳрони башарӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ шавад.

Ҷаноби Чавушоғлу ҳушдор медиҳад, ки агар бӯҳрони Афғонистон идора нашавад, паёмадҳои он мустақиман ба тамоми кишварҳо таъсир хоҳад кард.

Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлуд Човушоғлу ба авзои Афғонистон ва ҳамкориҳои Душанбеву Истанбул дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ низ таваҷҷӯҳ карда буданд.

Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед