Ru  | Tj
Вазири хориҷии АМА: Тоҷикистон бузургтарин содиркунандаи барқи “сабз” дар минтақа хоҳад шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири хориҷии АМА: Тоҷикистон бузургтарин содиркунандаи барқи “сабз” дар минтақа хоҳад шуд
Акс: Деловые Эмираты

Вазири хориҷии АМА: Тоҷикистон бузургтарин содиркунандаи барқи “сабз” дар минтақа хоҳад шуд

Нашр шуд

Вазири умури хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб гуфт, ки Тоҷикистон бузургтарин содиркунандаи неруи барқи “сабз” дар минтақа хоҳад буд.

Ба иттилои Палатаи савдо ва саноат, ин матлабро Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳайон, Вазири хориҷии АМА дирӯз зимни боздид аз гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2020” дар Дубай таъкид дошт.

Манбаъ мегӯяд, Наҳайон ҳамчунин дар гӯшаи Тоҷикистон бо имконоти сармоягузорӣ, зарфияти сайёҳӣ ва дастовардҳои кишвар ошно шуда ва ба нигораҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва либоси миллии “Чакан” таваҷҷуҳи вижа зоҳир сохтааст.

Палатаи савдо ва саноат меафзояд, то 1-уми декабр беш аз 200 ҳазор нафар аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дидан кардаанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон, Олмон, Фаронса ва Арабистони Саудӣ будаанд.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳи ЭКСПО шурӯъ аз соли 1851 дар кишварҳои мухталиф баргузор мешавад ва имкони хубе барои муаррифии навгониҳои технологиву техникӣ, зарфиятҳои рушди иқтисоду гардишгарӣ ва дар ин зимн ҷалби сармоя ба иқтисоди кишварҳо мебошад.

Дар Тоҷикистон барои содироткунандагон озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед