Ru  | Tj
Вазири хориҷии Русия Тоҷикистонро шарики боэътимоди тиҷоратии кишвараш унвон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири хориҷии Русия Тоҷикистонро шарики боэътимоди тиҷоратии кишвараш унвон кард
Акс: Интернет

Вазири хориҷии Русия Тоҷикистонро шарики боэътимоди тиҷоратии кишвараш унвон кард

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Душанбеву Маскав шарикони боэътимод дар заминаи тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошанд. 

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як мусоҳибаи вижа бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" дар бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар изҳори назар намуд.

Лавров аз ҷумла гуфт, бо вуҷуди мушкилоти воқеӣ, соли 2021 тиҷорати мутақобила нисбат ба соли 2020 44,7% афзоиш ëфта, ба беш аз 1,2 миллиард доллар расидааст. Ҳамчунин, дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ муомилоти молии ду кишвар нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 15,7% бештар гаштааст ва дар маҷмуъ саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 21 дарсад аст.

Вазири рус ҳамчунин таъкид дошт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 300 корхонаи муштарак бо иштироки Русия фаъолият менамоянд ва ҳаҷми умумии маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷиеро, ки ба мамлакат ворид шудааст, ташкил медиҳад. 

Лавров дар идома афзудааст, ки дар рушди равобити иқтисодиву тиҷоратии Душанбеву Маскав Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши бузург дорад.

Русия аз муҳимтарин шарикони стратегӣ ва иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон аст. Имсол аз барқарор гардидани равобити дипломатӣ миëни ду кишвар сӣ сол пур шуд. То имрӯз Душанбе ва Маскав зиёда аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ба имзо расонидаанд.

Қаблан мақомоти расмии Тоҷикистон гуфта буданд, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 42 дарсад афзоиш ëфта, ба беш аз 900 миллион доллар баробар гаштааст.

Соҳибкорони тоҷику узбек дар Хуҷанд 12 санади ҳамкорӣ имзо намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед