Ru  | Tj
Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ  мулоқот кард
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот кард

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорк бо Абдулло Шоҳид мулоқот ва маҷмӯи масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ-ро баррасӣ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари корияш дар Ню-Йорк бо Абдулло Шоҳид, Президенти тозаинтихоби иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, мулоқот анҷом дод.

Дар ин дидор тарафҳо перомуни масоили равобити Тоҷикистон ва СММ дар бахши амнияту иқтисод ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ, гуманитарӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлим мубодилаи афкор намуданд.

Муҳриддин ва Абдулло Шоҳид роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои бисёрҷонибаро зарур ва саривақтӣ унвон карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи масоили таҳаввулоти охир дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аҳаммияти вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист ибрози назар намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷиҳати иштирок дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ як ҳафта боз дар шаҳри Ню-Йорк қарор дорад.

Рузӣ 21-уми сентябр, ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаи Умумии СММ Муҳриддин аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ба зудӣ пеши роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беадолатии "Толибон"* дар муносибат ба аҳолии Панҷшерро гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расондани кӯмаки башардӯстона ба сокинони ин музофот ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат намоянд.

"Толибон"*- Ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон.




Толибон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед