Ru  | Tj
Вазири тандурустӣ бо Ордени Кумитаи ҷанговарон -интернатсионалистон қадрдонӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири тандурустӣ бо Ордени Кумитаи ҷанговарон -интернатсионалистон қадрдонӣ шуд
Акс: Интернет

Вазири тандурустӣ бо Ордени Кумитаи ҷанговарон -интернатсионалистон қадрдонӣ шуд

Нашр шуд

Орден ҷиҳати нишон додани хизмати шоиста тақдим шудааст.

Тавре Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад, рӯзи 29-уми январ намояндагони Кумита оид ба корҳои ҷанговарон - интернатсионалистони назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ба Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани хизмати тиббӣ ба ҷанговарон бо орден қадрдонӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки маросими супоридани орден дар бинои Вазорати тандурустии кишвар баргузор гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки Кумита оид ба корҳои ҷанговарон - интернатсионалистони назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 13-уми марти соли 1992 таъсис ёфтааст. Айни замон Шуба Николай Михайлович дар раёсати он қарор дорад. 


Вокуниши Омбудсмени тоҷик: Ҳодисаи қатли Эмомалӣ Давлатов таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед