Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ: Коронавирус аз Тоҷикистон дур шуд
Нашр шуд
Вазири тандурустии Тоҷикистон итминон дорад, ки дар кишвар беморони коронавирус намондаанд ва умуман ин бемории сироятӣ аз Тоҷикистон дур шудааст, чунин гуфта шуд ҳангоми вохури бо роҳбари нави СУТ дар Тоҷикистон Виктор Олшевский оид ба вазъи паҳншавии бемории Covid-19.
Сабаби таъин намудани Олшевский сироятшавии намояндаи қаблии ин ташкилот Бахтигул Қориева мебошад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, аз аввали соли 2021 шумораи беморон куллан коҳиш ёфт ва то имрӯз ҳолатҳои нав ошкор нашудааст. Ҳамагӣ дар кишвар 13308 сироят гаштанд ва 90 нафари дигар ҳалок шуданд.
Масҷидҳои ҷумҳурӣ низ бо сабаби беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ дарҳои худро аз 1 феврал боз кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед