Ru  | Tj
Вазири тандурустӣ захмиёни садамаи нақлиётии ноҳияи Хуросонро аёдат кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири тандурустӣ захмиёни садамаи нақлиётии ноҳияи Хуросонро аёдат кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Вазири тандурустӣ захмиёни садамаи нақлиётии ноҳияи Хуросонро аёдат кард

Нашр шуд

Дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон 11 нафар захмӣ шуда, як нафар ба ҳалокат расид, иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Рӯзи 19 август Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи нақлиётӣ осеб дидаву дар Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ шудаанд, шинос шуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин муассисаи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо натиҷаҳои ташхис ва ҷараёни табобати захмиёни садамаи нақлиётӣ шинос шуд. Инчунин Абдуллозода бо наздикону пайвандони захмишудагон суҳбати озод анҷом дод.

Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, дар ин садамаи нақлиёттӣ 12 нафар маҷрӯҳ шудаву 11 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Хуросон бистарӣ шудаанд ва 1 нафарашон бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тибқи маълумоти сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, айни ҳол вазъи сиҳатии 3 нафари ҷароҳатбардоштагон вазнин, 6 нафар дар ҳолати муътадил буда, 2 нафари онҳо дар ҳолати хуб аз беморхона рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки табобати захмишудагон пурра ройгон ба роҳ монда шуда, рафти табобати онҳо зери назорати бевоситаи вазири тандурустии Тоҷикистон қарор дошта, барои ташхису табобати захмиён, сармутахассисони соҳавии вазорат ҷалб шудаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 18 август соати 10:30 мошини боркаши «Hino» дар роҳи Душанбе - Бохтар, вақти вуруд ба қаламрави ноҳияи Хуросон дар натиҷаи аз кор баромадани тормоз натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд ва сабабгори тасодуфи нақлиётӣ шуд.

Ин мошини боркаш бо суръати баланд ба мошинҳои дигаре, ки канори роҳ қарор доштанд, бархӯрд. Дар ин садама ҳафт мошин зарар дид. Дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои зиёд дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шуд. Инчунин 8 нафар бо ҷараҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуданд ва як нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед